2 феврали соли 2022 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни конфронс Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, масоили Тоҷикистонро бо ҷанбаҳои берунӣ дар ояндаи наздик баррасӣ кард.

Дар конфронс масъалаҳои мубрами мавзӯи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сарҳади давлатӣест, ки аз қаламрави пасошӯравӣ мегузарад. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон омода аст зерсохтори худро барои ба эътидол овардани вазъи ояндаи Афғонистон фароҳам кунад. Тоҷикистон метавонад ва мехоҳад 6 пул барои интиқоли кумакҳои башардӯстона аз созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон созад.

Вазъияти имрӯзаи Афғонистон ҳоло тамоми ҷаҳонро нигарон кардааст, зеро он як таҳдиди амниятӣ дар арсаи байналмилалӣ аст.  Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон ба сар мебаранд, барои онҳо мактаби вижаи “Сомониён” сохта шудааст.

Чизи навбатие, ки Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, мулоқоти мунтазами сарони давлатҳост, ки бисёр масъалаҳоро ҳал мекунанд.  Вазир изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо акнун зуд-зуд баргузор хоҳанд шуд ва Тоҷикистон имсол низ чунин мулоқотро ба нақша гирифтааст. Ин ҳамошиҳо Тоҷикистонро ба кишвари сармоягузори аз ҷиҳати геополитикӣ фоидаовар табдил медиҳанд.

Мутаассифона, дар конфронс на ҳамаи журналистон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта тавонистанд. Танҳо 6-7 савол дода шуда буд, ин ҳам дар ҳолест, ки дар нишаст беш аз 30 журналист ҳузур доштанд.

М. Ваҳҳобова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь