Дар соли 2023 дар кишвар ҳамагӣ 2139 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2022-юм 1162 ҳолат кам будааст, аммо, тибқи маълумот, ҷиноятҳои таҷовуз ба номус ва авбошӣ зиёд шудааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ҷумла ҷинояти одамкӯшӣ ва сӯиқасд ба он 57 (2022-128 адад), роҳзанӣ 19 (38), ғоратгарӣ-107 (132), таҷовуз ба номус 47 (37), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 129 (137), авбошӣ 1414 (1227), қаллобӣ 2762 (2882) ва дуздӣ 4241 (5240) ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шуд, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир кардани 43 ҷиноят ошкор гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь