Баъд аз шикасти «Хуҷанд» дар «дербии суғдӣ» аз «Истаравшан» (1:2) сармураббии хуҷандиҳо Нуъмонҷон Юсуфов аз вазифа барканор шуд ва ба ҷойи ӯ Виталий Левченко таъйин гардид.

Виталий Левченко дар арафаи бозии даври дуюми Ҷоми КФО имрӯз ба футболбозони даста муаррифӣ мешавад.

Виталий Левченко чанде пештар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро машқ дода, ба сармураббии дастаи миллӣ Ҳаким Фузайлов ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонӣ ёрӣ мерасонд.

Дар хабар аст, ки имрӯз Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок мекунад ва фардо “Хуҷанд”-ро ба муқобили дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ба майдон мебарорад.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, ҷавониашро дар Тоҷикистон паси сар карда, ҳамчун бозингар дар дастаи «Хуҷанд» номвар шудааст. Ӯ дар 19-солагиаш ба ҳайати дуюми клуби машҳури «Динамо»-и Киев шомил гардид. Аз соли 1994 то 2000-ум шарафи дастаи ССКА-ро ҳимоя карда, баъдан ба дастаи «Таврия»-и Симферопол гузаштааст.

Левченко давоми панҷ сол дар 9 бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёии соли 1998 ва бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-1998 ҳимоя кардааст.

Баъд ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои «Княжа», «Арсенал»,«Десна»,«Еднист», дастаи мунтахаби ҷавонони Украина, Тоҷикистон, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ва пеш аз ба дастаи “Хуҷанд” омаданаш дар КФ “Криля Советов”-и Русия фаъолият кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь