Озмуни видеоии «Худам хабарнигори худам» аз оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell идома дорад! То анҷоми озмун 2 ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Барои наворгирии “гузориш”- хандаовари ҳаётатон шитоб намоед, то ба ин васила яке аз 3 смартфони MI 10 бо дурбини 108MP-ро бурд кунед!
Озмуни «Худам хабарнигори худам» ҳанӯз 11 сентябр оғоз гардида, то имрӯз 32 навор аз иштирокчиён қабул шудааст: видеоҳо аз лаҳзаҳои хотирмони кӯдакон, эпизодҳои хандаовар, шӯхӣ ва бозиҳои аҷиб, рафтори ғайриоддии ҳайвоноти хонагӣ ва амалҳои мухталифи дӯстону пайвандон иборатанд.
Ҳамаи наворҳо дар шабакаи Tcell дар YouTube: https://www.youtube.com/user/TcellTJ ва дар саҳифаҳои расмии Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.
Комиссияи иборат аз кормандони масъули ширкат пас аз ба итмом расидани озмун натиҷаҳои онро ҷамъбаст карда, 3 навори беҳтарину хандаовари ғайриоддиро интихоб намуда, ғолибонро бо смартфонҳои MI 10 бо дурбини 108MP сарфароз мегардонанд!
Озмун рӯзи 31 октябр ба охир мерасад ва натиҷаҳои ниҳоӣ 2 ноябр эълон мешаванд.
Шумо ҳоло ҳам имкон (шонс)-и ширкат дар озмунро доред! Барои иштирок дар озмун кофӣ аст, ки навори шавқангезро тавассути дурбини телефон аз рӯзгоратон сабт карда, ба мо ирсол намоед.
Навор бояд ба шартҳои зерин, ки дар номгӯяшон дар поён оварда мешавад, ҷавоб дода тавонад: https://www.tcell.tj/content/news/konkurs/
Наворҳоро дар Telegram ба рақами +992934601661 ирсол намоед.