Вазорати мудофиаи кишвар аз баргузории ҳамоише барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон хабар медиҳад. Он бо мақсади тақвияти донишу малака, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз дар толори «Кохи афсарон» баргузор гардидааст.

Ба иттилоъи вазорат, масъулини ниҳод дар назди иштирокдорони ҳамоиш таъкид кардаанд, онҳо дар иҷрои вазифаҳои бар зимаашон гузошташуда, пурмасъул бошанд.

Бо дарназардошти оне, ки қисми асосии ҳайати афсарону сарбозони Артиши миллии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, баромадкунандагон зикр кардаанд, тарбияи ҷавонон аз масъалаҳои муҳимест, ки ба он мебояд бо масъулияти баланд муносибат кард.

Гуфта мешавад, дар қисмати назариявии ҳамоиши методӣ-таълимӣ мутахассисони як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Академияи миллии илмҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров», омӯзиши талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси олӣ маърӯза намуданд.

Дар идома ҳайати иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ аз қисми ҳарбии  Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ дида, машғулияти назариявиро дар амал тадбиқ намудаанд.

Иштирокчиён аз китобхона, хонаҳои фароғативу хидмати маишӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар нуқтаҳои вобаста ба самти фаъолияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дида, вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти хеш аз чунин тартиби пешбинигардида кор баранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь