Вазорати маориф ва илм зимни як санҷиши гурӯҳи корӣ сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳоро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд муайян кардааст. Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, татбиқ нагардидани имтиёзҳои додаи Ҳукумати кишвар омили асосии мушкилоти кадрӣ дар шимоли мамлакат зикр мешавад.

– Дар муассисаҳои таълимии вилояи Суғд ошкор гардид, ки ҳарчанд ба 67 нафар мутахассисони ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд, вале фоизи ниҳоят паст дониста мешавад. Дар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замини полезкорӣ ва боғдорӣ дода нашудааст, – мегӯяд ин Вазорат.

Дар ин гузориш, шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Ашт истисно зикр мешавад, ки дар ҷамъ ба 20 нафар кадрҳои ҷавон имтиёз додаанд.

Гуфта мешавад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 20679 нафар (15843 зан) дорои маълумоти олӣ ва 3269 нафар (2825 зан) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд 1099 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба мактабҳо фиристода шуда, 845 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Дар ҷамъ ин адад 76,8%-ро ташкил медиҳад.

Зиёда аз 635 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби муҳассилини гурӯҳҳои ғоибона ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар ба қайд гирифта шуд.

Дар ин баробар Вазорати маориф ва илм таъкид дорад, ки ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар Истиқлол, Конибодом ва Исфара тибқи талабот набуда, сабаби асосиаш, дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмин нагардидани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ин шаҳру навоҳӣ дониста мешавад.

Гуфта мешавад, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ин ниҳод масъулинро вазифадор намудааст, ки онҳоро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, аз натиҷааш ба Вазорат гузориш диҳанд.

Ёдовар мешавем, дар моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои омӯзгорон чунин имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст:

– омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд, ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

– ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

– барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

– бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

– омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз рухсатии дарозкардаи пардохтшаванда истифода менамоянд;

– омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на кам аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муасисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

– омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

– барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь