Вазорати фарҳанг намоишномаи “Манқурт”-ро, ки бо коргардонии Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таҳия мешуд, иҷоза надодааст, ки ба саҳна гузошта шавад. Дар ин бора Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ин намоишнома мебоист, ки 20-уми май дар тетари “Падида” дар Душанбе ба намоиш гузошта шавад, вале масъулинаш гуфтанд, “аз болоҳо иҷоза надоданд”.

Субҳи имрӯз Зулфия Давлатзода инро таъйид кард ва гуфт, “намоишномаи мазкур аз ҷониби Шӯрои бадеии вазорат қабул нагардид”.

Ба гуфтаи вазири фарҳанг, намоишномаи “Манқурт”, ки аз рӯи асари “Дуроҳаи бӯронӣ”-и нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов ва бо коргардонии Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузошта мешуд, аз сӯи коргардон “аз мазмуни асосии асар дур рафта, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст”.

– Коргардон мазмуну мӯҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шакли пешниҳодаш барои сиёсати дохиливу хориҷӣ мувофиқ набуда, он қабул нагардид. Яъне, аз ҷониби Шӯрои бадеӣ қабул карда нашуд, – гуфт Давлатзода.

Дар ҳамин ҳол, Барзу Абдураззоқов, коргардони намоишнома, дар сӯҳбати телефонӣ бо “Фараж” дар ин хусус гуфт, “намоиши “Манқурт”-е, ки ман ба саҳна мемондам, сирф биографӣ буд ва ҳеч зиддияте ба сиёсати кишвар надошт”.

– Ду-се саҳнаро мо илова кардем, вале ҳаргиз аз мазмуни асосии асари Айтматов бурун нашудаем. Аналитика ва тағйиру илова ин кори ман аст. Коргардон ҳамин қадар нақш надошта бошад, дигар ӯ чӣ лозим аст, – гуфт Абдураззоқов дар сӯҳбат бо “Фараж”.

Коргардон афзуд, намоишномаи мазкурро ӯ тоҷикӣ мекард ва онро “ба замони навини Тоҷикистон созгор” медонист.

Ӯ ташреҳ дод, “ин сарнавишти зане буд бо фарзанди манқурташ. Ӯ забонашро гум кард, ӯ манқурт шуд. Ба сиёсат ҳеч дахолат надошт. Марқуртизатсия дард буд ва Вазорати фарҳанг ин дардро эҳсос накард”.

Ин коргардон гуфт, “намоишномаи “Манқурт”-ро, ки пас аз се соли дархостҳои батакрори ҷавонон – Соро Собир, Шоҳҷамшед Умарӣ, Далер Имомалӣ ва Ҷумъа Рустамӣ – ба саҳна мегузошт, ба баҳона боздоштанд. Бовар надорам, дигар ин вазорат иҷоза диҳад, вале ба хулосааш ҳам розӣ нестам”.

Барзу Абдураззоқов дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ҳеч намоишеро ба саҳна нагузошта буд. Ӯ муддатҳо боз дар театри кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон кор мекард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь