Дар ҳафт моҳи гузашта 126 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Бритониё, як кишвари аврупоӣ, сафарбар шуданд. Дар ин бора имрӯз, 26-уми июл, дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

То имрӯз 90 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мерафтанд. Ба гуфтаи вазири меҳнат, акнун боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди Бритониё ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, талош доранд, теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд.

Ширин Амонзода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бритониё асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.

Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли равон 322 ҳазору 68 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар ин давра аз хориҷи кишвар 240 ҳазору 596 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь