Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Муҳаммад Билолов сартабиби “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён таъйин гардид. Номбурда дар ин вазифа Файзалӣ Назаровро иваз кард, ки бо сабаби ба сини нафақа аз вазифа озод шудааст.
Фирдавс Раҳмонов тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва қарори раиси вилояти Хатлон директори Маркази бемориҳои пусту зуҳравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин гардид.
Оқилҷон Бердиев директори Маркази бемориҳои наркологии шаҳри Кӯлоб таъйин гардид. Давлатбек Қодирқулов роҳбари Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон таъйин шуд. Маҳмадризо Маҳмадраҳимов сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг таъйин карда шуд.