Сомонзода Давлат, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун, аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Анзурат Назарзода мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия таъйин шуд.

Як манбаъ аз шуъбаи маорифи ноҳия мазкур ба “Фараж” гуфт, ки Анзурат Назарзода бо фармони вазири пешини маорифи кишвар ба ин вазифа расидааст.

Анзурат Назарзода зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон буда, солҳо дар мактаби рақами 7 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳайси мудир фаъолият мекард.

Бояд гуфт, ки чанде пеш вазири маорифи кишвар ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ аз мансаб барканор шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь