Вазири навтаъйини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар саҳифаи фейсбукии худ ёддоште гузошт, ки “Савганди ҷавонмардӣ ва савганди фарзандӣ” ном дошта, дар он акси ӯ, ки дар канори модараш тасвир ёфтааст, зам шудааст.

Дар ин ёддошт гуфта мешавад, ки маҳз талошу дастгирии модари марҳумаш будааст, ки Амонзода ба чунин рӯзҳо расидааст. Вай дар ёддошт менависад:

“Имрӯз бо амри тақдир ҳамчун фарзанди ин Ватани муқаддас дар хидмати мардум қарор доштан насибам гаштааст. Ҳанӯз дар фараҳи савганди ҷавонмардии Ҷаноби Олӣ будам, ки рисолати роҳбарии як ниҳоди калидии Ҳукуматро бароям бовар карданд. Ва ин рӯзи таъинот  ба зодрузи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду биҳишти барин маъвояш) иттифоқ уфтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт”.

Дар идома Ширин Амонзода ба корбарони фазои маҷозии Фейсбук муроҷиат карда, навиштааст: “Таманниёти неки ҳар кадоми Шуморо тӯшаи раҳнавардиам дар роҳи бисёр фароху пурмасъул расонидааст. Барои сазовор будан ба он ҳама боваре, ки ба донишу таҷрибаам шудаасту Шумо дар чанбари доварӣ нишастаед, дар амалӣ  гардидани ҳадафҳои соҳавӣ  бо камари ҳиммат сайъу талош хоҳам дошт”.

Ширин Амонзода дар пайи тағйироти кадрие, ки чанд рӯз пеш дар Ҳукумат ба амал омад, аз курсии раиси Кумитаи сайёҳӣ ба мансаби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь