Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба аёдати оилаи иштирокчиёни ҶБВ рафта, кӯмакҳои роҳбари давлат ва раиси вилоятро ба онҳо расониданд.

Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр  ҷиҳати расонидани кӯмакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати оилаҳое, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд ва имрӯз бо мо нестанд, рафанд.

Зимни суҳбат меҳмонон бо фарзандону наберагон аз шуҷоатмандию далерии ҳар як иштирокчии ин набард, хизматҳои шоёни онҳо дар татбиқ гардидани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, изҳор намуданд, ки ҳеҷ вақт таърих номи он шахсиятҳое, ки барои Ватан ҷоннисориҳо намудаанд, фаромӯш нахоҳад  кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз  хизматҳои ҳар яки онҳо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон, ободкорию созандагӣ ва саҳми босазо гузоштан дар рушду нумуи шаҳри Кӯлоби бостонӣ ёдовар гардида, изҳор доштанд¸ ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид саҳми худро ба он оилаҳое, ки ниёзманд мебошанд, расонанд.

Дар навбати худ собиқадорон ва фарзандону наберагони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз доштани чунин шахсиятҳои таърихӣ ифтихор намуда,  арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон расонида, аз доштани чунин як ватани маҳбуб, роҳбари оқилу доно, дурандеш ва ташаббускору созанда ифтихор намуданд. Иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ташаббускор мешиносанд ва эътироф менамоянд, ин ҳама дастоварди замони истиқлолият ва хизматҳои шоёни сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь