Вазири нави маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, дар бораи таъсиси корхонаи пойафзолдӯзӣ аз вазири собиқ пурсед. “Ман устодам, ман муаллим ҳастам. Ба ман вобаста ба касбияти худам суол диҳед!”.

Ин дар ҳолест, ки собиқ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид қаблан дар мавриди таъсиси корхонаи пойафзолбарорӣ барои хонандагон макотиби миёна ва донишҷӯён суҳбат карда буд ва гуфт, “Дар кишвар ба ғайр аз донишҷӯён ду миллион хонанда мавҷуд аст. Агар мавсимӣ як хонанда се ҷуфт пойафзол пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад”. Номбурда ин иқдомро ба хотири пешравии иқтисодиёти мамлакат ва болоравии истеҳсолоти ватанӣ арзёбӣ кард.

Нуриддин Саид ҳамчунин гуфт, барои амалӣ кардани нияташон аз Ҳиндустон мутахассис ҷалб шудааст ва фабрикаи истеҳсоли пойафзоли бачагонаро дар назди коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис хоҳанд дод.

Имомзода ба суоли он ки оё хариду фурӯши либосҳои мактабиро дар мактабҳои миёна манъ мекунед, гуфт, “Иншооллоҳ!”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь