«Бӯҳрони 7-уми октябр далели, махсусан дар 10 соли охир, нодуруст будани сиёсати Исроил буд. Дар ҳоле, ки он заъфҳои низоми амнияти миллиро ошкор кард, инчунин нишон дод, ки сохторе, ки бо роҳи дипломатия пешниҳод кардан мехост, воқеан як лоиҳаи нокомӣ буд.

Мо, ҳамчун Туркия, танҳо бо ҳамсоягон сулҳ бастану ҳалли ду дуҷонибаро бо фаластиниҳо  қабул накардани Исроилро аз аввал чун як иштибоҳи стратегӣ мешумурдем.

Ҳарчанд чунин менамояд, ки дар баъзе корҳо дар асоси созишномаҳои Иброҳим пешравиҳо сурат гирифта истодааст, аммо мо дидем, ки зулму бераҳмӣ нисбат ба мухотабони аслии ин масъала, яъне нисбат ба фаластиниён мунтазамтар, густурдатар ва мутадовилтар шуд ва маълум буд, ки ин ҳолат дар як ҷое ба таркиш хоҳад омад.

Аз ин рӯ, барои касе тааҷҷубовар нест, ки масъала дар ин шакл таркид ва бӯҳрони мазкур ба вуҷуд омад.

Бомбаборон гардидани ҳатто бемористонҳо дар Ғазза як фоҷеаи бузурги инсонист. Сухангӯи артиши Исроил дар лаҳзаҳои аввал гуфт, ки мо ҳушдор дода будем, ки  бемористонҳо холӣ карда шаванд. Ин воқеан қабули рӯйпушшудаи  рӯйдод буд, аммо он рӯз Байден низ ба он ҷо рафт. Онҳо дарҳол қазияро дигар карда, ба ҷанбаи дигар бурданд.

Албатта, дар он шароит ба онҷо омадани Байден ва аз ҷониби ӯ ба гунае ҷонибдорӣ шудани харобкориҳои Ғазза дар таърих қайд мегардад.

Кишварҳои минтақа инро мебинанд, ҷомеаҳои мусулмонӣ инро мебинанд, ҷомеаҳои ғарбӣ инро мебинанд. Ин барои бисёриҳо тааҷҷубовар нест, аммо тасаввуроте пайдо мешавад, ки метавонад барои Амрико оқибатҳои хеле гуногун дошта бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь