Шоми 24-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:30, мошини тамғаи «Хундай-Старекс», ки онро сокини 32-солаи деҳаи Шарафи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрдааст. Баъд аз бархӯрд мошин чаппа шуда оташ гирифтааст.

Дар ин садама 12 нафар маҷрӯҳ шуда, бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ шуданд, ки ду нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.

26 апрел вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз вазъи саломатии 10 нафаре, ки дар ин садама ҷароҳат бардоштанд, аз наздик дидан кардааст. Ӯ ба наздикони маҷруҳшудагон ваъда кардааст, ки табобати онҳо пурра ройгон ба роҳ монда мешавад ва ҷараёни табобати онҳо зери назорати бевоситаи ӯ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь