Вакил аз ҳизби мухолифи порлумонии “Бир Бол” Миктибек Абдилдаев минбаъд порлумони  Қирғизистонро роҳбарӣ мекунад. Вай ин вазифаро пас аз истеъфои раиси парлумон Дастанбек Ҷумъабеков ҳангоми ҷаласаи ғайринавбатии полумон ишғол кард.

Даргириҳо дар Бишкек  рӯзи душанбеи 5-уми октябр, пас аз эълони натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар порлумони Қирғизистон, оғоз ёфтанд. Тазоҳургарон лағви натиҷаҳои овоздиҳӣ ва баргузории интихоботи такрориро талаб карданд. Ҳукумат маҷбур гардид, то натиҷаи интихоботро ба таври расмӣ бекор кунад.

Пештар Агентии News.ru хабар дод, ки чандин корхонаи бузурги Қирғизистонро шахсони номаълум ғасб кардаанд. Расонаҳои маҳаллӣ 6-уми октябр иттилоъ доданд, ки шахсони номаълум кони миси Бозимчак дар минтақаи Ҷалолобод, кони ангишт ва тилло дар Кара- Кечеро мусодира кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь