Посух аз намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон: Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, мушкил боқӣ мемонад.

То поёни рӯзи 27-уми апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи боздошти муваққатии фурудгоҳи байналмилалии Внуковои пойтахти Русия бидуни фароҳам овардани шароити хуби санитарӣ қарор доранд. Дар миёни шаҳрвандони дармонда донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд, ки аз ҳисоби квотаҳои таълимии ҳукумати Федератсияи Русия дар ин кишвар таҳсил мекунанд.

Аз шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково мондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи мавҷуд, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба истилоҳ ба “рӯйхати ихроҷшавандаҳо” ворид кунанд. Теъдоди фаврии онҳое, ки ихроҷ шудаанд, 27 нафар буд. Чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметьевои пойтахти Русия низ вазъи сангине мушоҳида мешавад, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидуни шароити лозим дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба далели таъмин набудани бо ғизои гарми кофӣ ба шаҳрвандони дармондашудаи Тоҷикистон дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони диаспора ба фурудгоҳи Внуково ғизо меоранд.

Илова бар ин, ба манзури расонидани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар маҳал хадамоти консулгарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ситоди фаврии шабонарӯзӣ боз кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь