Рӯзҳои наздик ҳаво дар кишвар якбора номусоид шуда, рӯзона дар маҳалҳо то 7-9 дараҷа паст шудани дамои он дар назар аст. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ, чангу ғубор мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат мерезад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо шабона 11+16 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Дар водиҳо  шабона 11+16  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 26+28  дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь