«Ман ҳеҷ гоҳ чунин даҳшатро надида будам. Ман бовар намекунам, ки ин дар пойтахти Ҳиндустон рух медиҳад, – мегӯяд Гигант Малхотра ба BBC. – Одамон оксиген намегиранд ва мисли ҳайвон мемиранд».

Вай дар яке аз крематорияҳо дар Деҳлӣ ризокор аст. Беморхонаҳои шаҳр аз афзоиши бесобиқаи сирояти коронавирус пур мешаванд.

Як ҳафта аст, ки ин кишвар ҳар рӯз аз рӯи шумораи бемориҳои нав дар як рӯз рекорди ҷаҳонӣ мегузорад.

Ҳамзамон, дар Чин, ИМА, қисми зиёди Аврупои Ғарбӣ, инчунин дар баъзе минтақаҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, дар ду ҳафтаи охир коҳиши омори фавт мушоҳида мешавад.

Баъзе кишварҳо маҳдудиятҳоро кам мекунанд, ё комилан аз байн мебаранд. Дар Иттиҳоди Аврупо ҳатто ишора карданд, ки шаҳрвандони воксиндори ИМА-ро тобистони имсол дубора қабул мекунанд.

Аммо оё вазъи фалокатовари Ҳиндустон ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад ва оё ин барои кишварҳои дигар мушкилоти бузурге нахоҳад шуд?

Крематорияҳо дар Ҳиндустон: Ба рӯйи ҷасади мурда гулхане аз ҳезум меафрӯзанд

Дар моҳи феврал, омори ҳаррӯзаи марг дар Ҳиндустон ба садҳо нафар, ҳолатҳои сироят ба 12 ҳазор нафар баробар буд ва бисёриҳо умедвор буданд, ки ин кишвар аз сенарияи бадтарини пандемӣ канорагирӣ кардааст.

Дар авҷи мавҷи аввал, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 93 ҳазор нафар бемор мешуданд ва тасаввур кардан душвор буд, ки ин рақам метавонад ду-се маротиба афзоиш ёбад. Аммо аз рӯзи 17 апрел омори ҳаррӯза ба зиёда аз 200 ҳазор ҳолат расид ва дар як ҳафтаи охир ҳар рӯз аз 350 ҳазор мегузарад.

Сатҳи марг низ аз мавҷи аввал ду баробар афзудааст ва ҳафтаи гузашта дар Ҳиндустон ба ҳисоби миёна 2336 нафар фавтидаанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ Ҷеймс Галлахер мегӯяд: “Ковид-19 метавонад ҳатто дар низоми хуби нигаҳдории тандурустӣ марговар бошад ва бадии кор дар он аст, ки дар беморхонаҳо ҷой нест ва онҳое, ки шояд наҷот меёфтанд, ин имконро надоранд».

Вазъияти бадтарин дар Деҳлӣ аст, ки дар беморхонаҳо ҷой ва дастгоҳҳои нафаскашӣ намондаанд.

Дар дигар шаҳрҳои бузург низ вазъ ба Деҳлӣ монанд аст. Тибқи омори расмӣ, аз оғози пандемӣ дар Ҳиндустон тақрибан 17 миллион нафар бемор шудаанд ва 192 ҳазор нафар фавтидаанд, аммо дар байни коршиносон ақидае вуҷуд дорад, ки ин рақамҳо ба воқеият мувофиқат намекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь