Ба гуфти масъулони Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, дар тавозуни кори онҳо ҳамагӣ 4 ағба ҳаст, ки дар онҳо 21 техника ва 85 корманд вобаста шуда, шабонарӯз роҳро аз барф тоза ва рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин мекунанд. Аммо ронандагони воситаҳои нақлиёт аз вазъи ду ағба – Фахробод ва Сарбанд нигаронӣ карда, гуфтанд, ки ҳаракати нақлиёт дар онҳо мушкил шудааст.
Муовини роҳбари Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Тағоибекзода Усмон дар як суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, дар тобеияти муассисаи онҳо чор ағба, аз ҷумла ағбаи Фахробод дар ноҳияи Хуросн, ки дар он 7 теника 29 коргар сафарбар шудааст, дар ноҳияи Ёвон ағбаи Султонобод ва Чормағзак, ки дар он 9 техника ва 33 коргар ва дар ағбаи Сарбанд 5 техника ва 23 коргар ба тоза кардани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт машғул мебошанд.
Иттилоъ дода шуд,ки барои зимистонгузаронӣ дар идораҳои зертобеи ин муассиса 6 ҳазору 139 куб маводи зидди лағзиш захира карда шудааст.
Қайд гардид, ки дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон 1 ҳазору 400 куб, Ёвон 1 ҳазору 100 куб ва шаҳри Леваакнт 1005 куб маводи зиддт лағзиш захира гардидааст.
Гуфта шуд, масъулон дар ин шабу рӯзи бориши барф барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ағбаҳо ва дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ҳама кӯшиши худро мекунанд.
Аммо чанде аз ронандагони воситаҳои нақлиёт гуфтанд, ки дар ағбаҳои ноҳияи Хурсон ва шаҳри Левакант аз сабаби барфи зиёд воситаҳои нақлиёт ба мушкил ҳаракат мекунанд.