Вазген Игнатович Манасян 13-уми марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз кӯдакӣ ба футбол шавқи беандоза дошт ва футболбозиро дар кӯчаҳои Душанбе шуруъ кардааст. Солҳои 1968-1970 дар мусобиқаҳои умумииттифоқии «Тӯби чармин» иштирок кардааст. Баъд ба мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 5-и Варзишгоҳи «Спартак» дохил шудааст.

Солҳои 1975-1979 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил карда, ҳамзамон дар ҳайати дастаи донишкада дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ кардааст. Моҳи сентябри соли 1979 ӯро ба дастаи «Помир» даъват карданд. Ҳамон сол фурсати ворид кардани ӯ ба ҳайати асосӣ гузашта буд. Манасян дар ҳайати эҳтиётӣ бозӣ мекард ва дар он ҷо аз худ дарак дод.

Аз соли 1980 дар ҳайати асосии «Помир» бозӣ мекуард, Дар мавсими аввали худ ӯ дар ҳамаи 46 бозии чемпионат ширкат карда, 16 гол задааст. Дар мавсимҳои минбаъда ҳам голи бисёре зада, ки дар натиҷаи «Помир» яке аз дастаҳои пешсафи Лигаи якум шуд. Дар чемпионати соли 1986 вай 27 гол задааст. Ин нишондод ба ӯ имкон дод, ки соҳиби мукофоти махсуси рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» барои голзани пурмаҳсул дар лигаи якуми шавад.

Дар мавсими соли 1988 ӯ ба даста кӯмак кард, ки дар чемпионати Лигаи якум медалҳои тило ба даст орад ва ба Лигаи олӣ роҳ ёбад. Дар натиҷа, бо 120 гол ба қатори нишонзанҳои Лигаи якум шомил шуд. Дар Лигаи олӣ ӯ чандон сермаҳсул бозӣ накард, дар се мавсим ҳамагӣ 3 гол зад.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи апрели соли 1992 ӯ «Помир»-ро тарк карда, ба «Зенит» (Санкт-Петербург, Русия) гузашт. Дар Санкт-Петербург 4 бозӣ дар мавқеи «пеш аз ҳамлагарон» бозӣ кардааст. Ҷароҳат ба ӯ монеъ шуд, ки дар сафи асосии даста ҷой ёбад. Осебҳои пай дар пай боис шуданд, бо мувофиқаи тарафайн бо роҳбарияти клуб, ӯ шартномаро қатъ кунад.

Ӯ ба Душанбе баргашт ва дар ниҳоят захмашро шифо дод ва ба Украина рафт ва дар он ҷо чанд мавсимро дар клуби «Ворслка» аз Лигаи якум гузаронд ва шаҳрвандии Украинаро гирифт.

Соли 1992 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 1 бозӣ кардааст.

Фаъолияти худро соли 1996 дар дастаи «Индустриа» (Боровск) дар Лигаи дуюми Русия ба охир расонд. Вай ба Полтава баргашт ва дар он ҷо мураббии дастаи KФК буд ва мураббии калони тими миллии вилояти Полтава дар синну соли гуногун буд.

Аз декабри соли 2003 мураббии бошгоҳи Волочанин-Ратмир буд]. Соли 2004 аз даста рафт. Дар соли 2005 ӯ бо клуби «Новороссийск», ки дар лигаи ҳаваскорони округи федералии ҷанубӣ бозӣ мекард, кор кардааст. Солҳои 2006-2007 ба «Колос»-и Павловская роҳбарӣ мекард.

Дар ибтидои соли 2011 ба вазифаи сармураббии дастаи «Локомотив»-и Тошканд, ки дар Лигаи якуми чемпионати Узбекистон баромад мекунад, таъйин гардид. Баъдтар ӯ узви ҳайати мураббиёни клуб буд.

Солҳои охир ба футболи Тоҷикистон низ иртиботи зич дошт ва дар дастаҳои мунтахаби кишвар ва клубҳо ба ҳайси мушовир ё ёвари сармураббӣ кор кардааст.

Вақтҳои охир дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекард ва аз беморӣ ранҷ мекашид, ки рӯзи 9-уми январ дар синни 66-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь