Имрӯз, 5-уми декабр, дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф ва дар баъзе маҳалҳо фаромадани меғ дар  назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +9+14   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона  -2+3  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18  ва рӯзона -3-8 дараҷа сард  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Дамои ҳаво шабона +1+6  ва рӯзона ба +10+15 дараҷа мерасад.

Душанберо низ меғ фаро гирифта, ҳавои абрноки тағйирёбанда интизор аст. Гуфта мешавад, ки дар пойтахт шабона +2+4  ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь