Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазъи ҳаво чун рӯзи қаблӣ боқӣ монда, гармӣ то ба 39 дараҷа мерасад. Ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсия додааст, ки бинобар сабаби боқӣ мондани чангу ғубор дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сайру сайёҳат кардан дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ намоянд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 29-34 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  5+10 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+23 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь