Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона то 5 дараҷа сард шудани он пешгӯӣ мегардад. 

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 дараҷа хунук, рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш мешавад. Ҳарорат шабона 3+8 ва рӯзона ба +19+24 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +21+23 дараҷа гарм мешавад.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь