Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар, ки ба таъмир ниёз дошт, имсол  аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва шаҳр бо харҷи 5 миллиону 900 ҳазор сомонӣ бозсозӣ мешавад.

Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон,  гуфт, ки барои бозсозии варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо ин маблағ симои берунаи варзишгоҳро таъмир мекунанд.

Сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Саймурод Пиров гуфт, имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр тариқи ин идора барои бозсозии варзишгои “Пахтакор”-и шаҳр 3 мииллиону 900 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дохили варзишгоҳро таъмир мекунанд.

Ҳоло таъмиру  бозсозии варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар оғоз гардида, дар назар аст, ки моҳи сентябри соли 2024-ум баъди бозсозӣ ба истифода дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь