Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар, ки ба таъмир ниёз дошт, имсол  аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва шаҳр бо харҷи 4 миллион сомонӣ бозсозӣ мешавад.

Сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Саймурод Пиров дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр тариқи ин идора барои бозсозии варзишгои “Пахтакор”-и шаҳр 2 мииллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дохили варзишгоҳро таъмир мекунанд.

Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, низ гуфт, ки ҳамчунин барои бозсозии варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо ин маблағ симои берунаи варзишгоҳро таъмир мекунанд.

Бояд гуфт, ки  иқдоми бозсозии варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баъди мулоқоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, аҳли ҷомеаи футбол  ва барасии ҳолати варзишгоҳ ва зерсохторҳои футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифта, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд, амалӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь