Варзишгоҳе, ки бояд майдони бозӣ мешуд, макони чарои чорво шудааст
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2012 сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия оғоз ёфтаву бо гузашти 9 сол сохтмони он чун «гӯшти уштурхӯрда» ба итмом нарасидаст.
Маблағгузорӣ нест
Аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, ки сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия соли 2012-ум оғоз шудаву то ҳол ба итмом нарасидаст.
Барои сохтмони ин иншооти бояд аз ҳисоби буҷаи вилоят 5 миллиону 551 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешуд. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон давоми 9 сол зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаасту халос.
Имкон нест, дастгирӣ лозим
Дар ҳоле, ки масъулини бахши меъмории ноҳия оғози сохтмонро соли 2012 арзёбӣ карданд, аммо сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид оғози ин сохтмонро соли 2010 мегӯяд.
– Мо имкони маблағгузории ҳамаи иншооти дар тавозуни Раёсати сохтмони асосии вилоят бударо надорем. Ҳамаи маълумоти иншооти нотамомро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод кардаем. Агар дастгирӣ карда шаваду маблағ ҷудо гардад, сохтмони иншоотро як ё ду сол пеш ба итмом мерасонем. Барои идомаи сохтмон ҳама чиз пешниҳод шудаст ва кор бояд оғоз шавад, -гуфт Саъдуллозода Абдувоҳид.
Ин масъули давлатӣ нагуфт сохтмони варзишгоҳи номбурда кай шуруъ хоҳад шуд.
Пули Кӯшониён ба Данғара дода шуд?
Сардори Шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмаҳмад Одинаев қайд кард, ки тибқи номгӯи иншоотҳои сохташаванда, соли 2020-ум аз ҳисоби маблағгузориҳои сохтмони асосӣ тавассути Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон барои сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён марҳилаи якум 1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.
– Дар соли сипаригардида ба иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети маҳалӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаст. Боқӣ, яъне 400 ҳазор сомонии дигар тибқи қарори раиси вилояти Хатлон бо сабаби пайдо шудани зарурият барои сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара равона карда шуд, – илова кард номбурда.
Чаро маблағгузорӣ қатъ шуд?
Манбаъ зикр кард, ки сохтмони иншооти болозикр ҳанӯз соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.
– Бо назардошти он, ки маблағҳо ба биноҳои ҷашнӣ, амсоли Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ба номи Ато Муҳаммадҷонов, қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, равона карда шуд, барои идомаи сохтмони варзишгоҳ баъди солҳои 2013-2014 маблағгузорӣ қатъ карда шуд, – афзуд Холмаҳмад Одинаев.
Одинаев ҳамчунин гуфт, ки барои варзишгоҳи марказии ноҳия Кӯшониён, ки ҳоло сохтмонаш нотамом боқӣ мондааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон соли 2012-ум 430 ҳазор сомонӣ, соли 2013-ум 80 ҳазор сомонӣ ва 2014-ум 100 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки пурра маблағҳои пешбинишуда ҷудо карда шудаст.
– Дар соли 2021-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ягон сомонӣ ба нақша гирифта нашудаст. Барои пурра ба итмом расидани варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён ҳоло бештар аз 4,5 миллион сомонӣ лозим аст. Барои дигар иншооти сохташаванда аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021-ум 43 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаст, – қайд кард ӯ.
Суҳбат бо журналист дарди сар меорад?
Дар хусуси идома наёфтани сохтмони варзишгоҳ хостем бо мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода суҳбат кунем, аммо, мутаассифона, ӯ аз суҳбат бо ҳар баҳона худдорӣ карда гуфт: “Агар перомуни ин масъала суҳбат кунам, дарди сарам мешавад”. Мо ҳам нахостем, ки боиси озор ва дарди сари як навар шавем. Чӣ ҳам мекардем?
ФФТ аз вазъи варзишгоҳ хабар дорад
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода зикр кард, ки намояндагони Федератсияи футбол ба ноҳия сафари корӣ анҷом доданд ва аз вазъи идомаи сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён бори дигар бо раиси ноҳия Вализода Икромиддин ҳамсуҳбат шуданд.
Ӯ афзуд, ки аз маълумоте, ки директори мактаби варзишии ноҳия пешниҳод кардааст, сохтмони варзишгоҳ дар нақша ҳаст.
– Мо масъалаи сохтмони варзишгоҳ ва кай ба анҷом расидани онро пайгирӣ хоҳем кард, – илова кард Ф. Абдуллозода.
Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба варзиш
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон қайд кардаанд: “Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст”. Пас, масъулони мақомоти дахлдорро зарур аст, ки гуфтаҳои Президенти мамлакатро тақвият бахшида, ҳар чӣ зудтар эъмори варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониёнро ба анҷом расонанд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
“Фараж”