Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Васоити ахбори омма муқобили коррупсия”-ро тавассути матбуоти даврӣ ва вебгоҳи вазорат эълон кард.
Мақсад аз баргузор кардани озмуни мазкур ҳарчи бештар ҳавасманд ва ҷалб кардани рӯзноманигорону фаъолони ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва мусоидат барои решакан кардани он мебошад. Ҳамчунин, ҳадаф аз роҳандозии озмун дарёфти беҳтарин мавод дар мавзӯи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҳамзамон тарғиб ва оммафаҳм гардонидани роҳҳои бартараф сохтани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мебошад.
Ба озмун мақолаҳое роҳ ёфтанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҳамчунин матбуоти мустақили Тоҷикистон дар давоми соли 2023 дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд.
Барои ҷои якум 7000 сомонӣ, ҷои дуюм 4 000 сомонӣ, сеюм 2 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар гардида, 6 нафар фаъоли дигар низ бо мукофоти пулӣ ба миқдори 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, васоити ахбори оммае, ки мавзуи мубориза бо коррупсияро бештар инъикос кардаанд, бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.
Ба озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи тарғиботи зиддикоррупсионӣ таҳти унвони “Васоити ахбори омма муқобили коррупсия” 33 муаллиф маводҳои худро, ки дар матбуоти даврии кишвар дар соли равон ба нашр расидаад, пешниҳод карданд. Маросими ҷамъбасти озмун бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг ва устодону донишҷӯёни факултетҳои журналистика ва рӯзноманигории муассисаҳои олии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ҳар дар як мавзуи мушаххас озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда мешавад. Дар соли 2024 озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Терроризм ва экстризм – вабои аср” эълон мегардад.