2-юми августи соли ҷорӣ раиси ноҳияи  Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф зимни нишасти матбуотӣ оид ба гузариши пардохтҳои ғайринақдӣ  зикр кард, ки ин фармон барои пешбурди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти калон дорад.  Ва мо вазифадорем, ки онро беш аз пеш амалӣ намоем.

Номбурда аз намояндагони ВАО хоҳиш кард, ки дар амалигардонии ин фармон дар самти таблиғу ташвиқ дастгирӣ намоянд, то ин ки шаҳрвандон маълумоти бештар пайдо кунанду дар амал татбиқ намоянд.

Ҳамзамон, намояндаи БДА “Амонатбонк” қайд кард, ки зиёда аз 3200 адад кортро ба шаҳрвандон ройгон тақсим кардаанд. Ба маблағҳои ғайринақдӣ маблағҳои андозу буҷет, маблағҳои ҳатмӣ, маблағҳои коммуналӣ дохил мешаванд. Дар марказҳои савдо ва мағозаҳои тиҷоратӣ аз рӯйи шартнома  кору фаъолияти худро пеш мебаранд ва барои онҳо постерминалҳо гузошта мешавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав дар асоси шартнома дар 11 муассисаи тиҷорат, аз ҷумла дар беморхонаи марказии ноҳия ва ташкилоти давлатӣ постерминалҳо гузошта шуд. Шаҳрвандон ба воситаи постерминалҳо аз корти миллии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ метавонанд,  истифода намоянд. Маблағҳои қарзӣ аз шаҳрвандон қабул карда мешавад. Дар иҷрои фармони мазкур ягон мушкил нест. Бояд шаҳрвандон дар навбати худ масъулият ҳис намоянд, ки пардохти маблағҳои андоз, коммуналӣ, ҳатмӣ бояд шахсан номбар карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь