Ҳайати ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон ва намояндагони доираҳои соҳибкории ин вилоят таҳти раёсати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вориди шаҳри Фарғона шуданд. Онҳоро дар майдони байналхалқии ҳавоии “Фарғона” зери садоҳои дафу доира ва карнаюу сурнай ҷонишини аввали ҳокими вилояти Фарғона Аваз Ӯринбоев ва ҳокими шаҳри Фарғона Мирзоҳид Убайдуллоев пазироӣ карданд.

То нимаи ҳамин рӯз як ҳайати дигар аз Ҷумҳурии Қирғизистон аз тариқи гузаргоҳи марзии Водил вориди вилояти Фарғона шуд. Аъзои ин ҳайатро ҳокими вилояти Ботканд Омурбек Сувоналиев роҳбарӣ мекунад. Аъзои ин ҳайат низ  бо шукӯҳ ва шаҳомати хос истиқбол гирифта шуданд.

Ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар Бизнес-форуми байналхалқӣ ширкат хоҳанд кард, ки муассисии онро ҳокимияти вилояти Фарғона бар дӯш дорад.

Дар доираи ин форум миёни намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва кишоварзии се вилояти ҳамҷавор – Суғд, Ботканд ва Фарғона дар соҳаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ як қатор мулоқоту гуфтушунидҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки соҳибкорону кишоварзони ин се кишвари ҳамҷавор барои мустаҳкам кардани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гомҳои ҷиддӣ мебардоранд ва чанд шартномаи ҳамкорӣ низ ба имзо мерасонанд.

Дар ҷараёни ин Бизнес-форум меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии соҳибкорон ва деҳқонони вилояти Фарғонаро тамошо хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь