Вакили палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, роҳбари Ҳизби демократ, имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон истеъфои раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро талаб кардааст. Дар ин бора АИ “АП” хабар дод.

Ба гуфтаи ин вакил судҳои (фоизи) қарзие, ки бонкҳои Тоҷикистон аз соҳибкорон ва сокинон талаб мекунанд, танҳо барои нашъалҷалобони Колумбия ва Мексика қобили пардохт аст.

«Дар оғози ин сол Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷудо кардани 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ барои ҳалли мушкилоти бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» қарор қабул кард, аммо то ҳол пасандозгузорон наметавонанд, ки аз ин бонкҳо пули худро гиранд. Бонки миллӣ коре кардан наметавонад», – арз кардааст ин вакил.

Раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров дар ин бора гуфтааст, ки «бонкҳои тоҷик дар ҳоли ҳозир боварии маблағгузорон ва пасандозгузоронро пурра аз даст додаанд».

Ба гуфтаи спикери парламент мушкили ин бонкҳо дар ҳоли ҳозир «дарди сари асосии ҳукумат, парламент ва, саранҷом, президент шудааст».

«Маблағгузорони ин бонкҳо дар чунин аҳвол аз фоидаи маблағҳои гузоштаи худ даст кашидаанд, умедворанд, ки фақат пули пасандозкардаашонро гиранд. Чунин аҳвол дар ҷаҳон гӯшношудид аст», – иброз доштааст Зуҳуров.

Вай ба раиси Бонки миллӣ дастур додааст, ки дур муддати ду ҳафта тамоми маълумотро оид ба ҳолати ба амаломада ба ӯ пешкаш кунад, «саранҷом, кай мушкили амонатгузорон ҳал хоҳад шуд».

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ин ҷаласа ҳузур доштааст, посух дода, ки дар ҳоли ҳозир бонкҳои кишвар, дар навбати худ, наметавонанд маблағҳои қарздодаашонро бозпас гиранд. Ба гуфтаи ӯ маблағи ин қарзҳо ба 4 миллиарду 600 миллион сомонӣ расидааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба раиси Ҳизби демократ гуфтааст, ки пеш аз бардоштани масъалаи истеъфои ӯ, бояд каме фикр мекард…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь