Боришоти рӯзҳои охир дар ҷамоатҳои «Машъал», «Ваҳдат» ва «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш хисороти зиёде бар ҷо гузошт, ки 60 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шуданд ва бештар аз 90 хона дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, 1 ҳазору 900 гектар замини зироати кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ пурра зери обу лой монданд. 7 пули мошингузар пурра аз байн рафта, 3 пули дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 1 насоси обкашӣ ва 2 обанбор пурра корношоям шуданд.

Мутаассифона, як нафар зани 80-сола ба ҳалокат расида, 35 сар чорвои аҳолӣ низ нобуд шудаанд.

Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, дар маҳалҳои осебрасида ба аҳолӣ кумак мерасонанд. Зарардидагон таҳти ғамхории ҳукумати маҳалу вилоят ва кишвар қарор дошта, бо маводи ғизоӣ ва хȳроки гарм таъминанд.

Тамоми сохторҳо дар ҷойи ҳодиса мебошанд ва ба мардуми зарардида кӯмак мерасонанд.

[rev_slider alias=”slider-2″][/rev_slider]

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь