Роҳи ёдгории таърихии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, ки беш аз 30 сол боз таъмири асосиро надида буд, бо дастгирии раиси ноҳия ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия  таъмир карда мешавад.

Наҳтулло Олимов, сардори муассисаи  роҳҳои ноҳияи мазкур, гуфт, ки  дарозии роҳ 15 киломтру 200 метро ташкил медиҳад, ки 8 километру 600 метраш 30 сол боз таъмири нашуда буд.

Ӯ гуфт, раиси ноҳияи Вахш тасмим гирифтаст, ки рӯзҳои наздик ин роҳро бо харҷи беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ таъмир кунад.

Таъмири ин роҳ ба хотири бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ёдгории таърихии Аҷинатеппа мусоидат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь