Қисми даромади буҷет дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар чор моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 101 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 180 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст
Сардори нозироти андози ноҳияи мазкур Ализода Шариф гуфт, дар умум қисми даромади буҷети ноҳия 17 миллиону 491 ҳазору 100 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 17 миллиону 671 ҳазору 936 сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет 180 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардид.
Ӯ иттилоъ дод, ки айни замон бақияи қарзи андоз дар ноҳия беш аз 17 миллиону 345 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба якуми январи соли ҷорӣ 117 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
– Қарзҳои бештар аз коргоҳҳои буҷетӣ, яъне 11 миллион 653 ҳазораш аз онҳо ва боқӣ ба андозсупорандагони дигар рост меояд. Танҳо қарзи Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, – афзуд Ализода.