Дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди  15 корхонаи саноатӣ , 3 мактаб ва дигар иншоот  ба нақша гирифта шудаст, ки то имрӯз 2 корхона ва 2 мактабаш сохта ба истифода дода шудаст.

Раиси ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Дастагул Мирзоева, афзуд, ки ин ҳама бунёдкориҳо бо дастгирии ҳукумати ноҳия, аҳолӣ, ба хусус муҳоҷирони меҳнатии зодаи ин ҷамоат мебошанд.

Дар ин ҷамоат корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи бетоншурӣ, корхонаи афшура ва коркарди мева, дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаи коркарди меваи хушк ва ба ин монанд даҳҳо корхонаи дигар ба нақша гирифта шудаанд.

Номбурда илова кард, ки то имрӯз корхонаи  дӯзандагтт “Киёмидин”, корхонаи бетоншурӣ ва мактабҳои рақамҳои 11 ва 16 сохта ба истифода дода шуда, айни замон дар дигар иншот корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь