Дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 15 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 7 адади он сохта ба истифода дода шудаанд.

Раиси ҷамаоти мазкур Дастагул Мирозоева гуфт, дар доираи ин санаи таърихӣ дар деҳаҳои ҷамоат 22 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз беш аз 10 адади онҳо бо таъсиси наздик ба 100 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ба гуфти ӯ аз 22 иншооти ба нақшагирифташуда 15 адади он коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, яъне 4  корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи бетоншурӣ, корхонаи таъмири автомобилҳо,  5 корхонаи афшура ва коркарди мева, корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли сафолакҳо, истеҳсоли ҷевонҳо, коргоҳи истеҳсолии маводҳои хамирӣ мебошанд, ки аз онҳо 7 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, ду муассисаи таълимӣ ва чанд иншооти хизматрсонии дигар бунёд карда шудааст, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь