Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бо дасгирии ҳукумати кишвар ва шарикони рушд бо харҷи 5,5 миллион евро пурра бозсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи мазкур Раҳмоналӣ Гадоев гуфт, ки беморхона бо дастгирии бевоситаи роҳбари давлат, Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти маҳаллии  ноҳия дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар якҷоягӣ бо шарикони рушд пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Ба иттилои ӯ беморхона аз  7 шуъба, ҳуҷраҳои ёрирасон ва 220 кати хоб иборат буда, бо харҷи 3 миллион евро таъмири капиталӣ шуда ва бо харҷи 2,5 миллион евро бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳаз гардонида шудаааст.

Баъди ба истифода додани ин беморхона барои табибон шароити хуби корӣ ва барои беморон шароити хуби муолиҷаву табобат фароҳам оварда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь