Имсол дар ноҳияи Вахш дар майдони зиёда аз 300 гектар замин қулфинай кишт карда шудааст, ки то имрӯз бештар аз 400 тонна ҳосили он ҷамъоварӣ ва 70 тоннааш ба хориҷа содирот карда шудааст.

Раиси ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш Тоҳир Турсунов гуфт, ки кишоварзони ноҳия дар парвариши қулфинай таҷрибаи бой дошта, ҳамасола майдони кишти онро зиёд мекунанд.

Барзгарони ноҳияи Вахш ба ҷуз бозорҳои дохилии кишвар қулфинайро ба давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия содирот мекунанд.

Раиси ноҳия гуфт, соли гузашта ба кишварҳои хориҷа ҳамагӣ 30 тонна қулфинай содирот карда шуда буд. Имсол бошад, тибқи нақша бояд 200 тонна қулфинай содирот карда шавад, ки то имрӯз беш аз 70 тонна содирот шудааст.

Айни замон дар бозору мағозаҳои минтақаи Бохтар арзиши 1 килограмм қулфинай 5 сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь