Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Вахш ба 100 нафар маъюби гуруҳи якум кумаки яквақтаина расонида шуд.

Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш иттилоъ доданд, ки дар  арафаи Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси ТҶБХ “Эҳёи Сомон” ва Барномаи тақдими маводи озуқаворӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти хайриявии Дубай ба 100 нафар маъюби гуруҳи якуми ноҳияи Вахш кумаки яквақтаина расонд.

Гуфта шуд, ки ТҶБХ “Эҳёи Сомон” дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба дастгирию кумак ба ниёзмандон ба оилаҳои маъюбону аз қабили орд, равған, шакар, макарон, чойи қоқ ва хурмо кумак карданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби шахсони сарватманд, соҳибкорон  ва дигар қишри ҷомеа ба оилаҳои ниёзманд, ятимону маъюбон кӯмакҳои яквақтанаи расонида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь