Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бунёди манзилҳои зисти сокиноне, ки бар асари омадани сели рузҳои 11-12-уми моҳи майи соли ҷорӣ хароб шуда буданд, бо маром идома дорад. 

Таҳкурсиии чанде аз хонаҳо пурра ба анҷом расидаву дар қисмати дигар поёдевори манзилҳо бардошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки бар асари борони рӯзҳои 11-12-уми майи соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои «Машъал», «Ваҳдат» ва «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сел омада, ба хоҷагии халқи ноҳия ҳисороти зиёд расонд, ки аз ҷумла, 46 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон гашта, 43 хонаи дигар қисман зарар  дида буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь