Деҳаи Чашмасор яке аз деҳаҳои хурди Тоҷикистон аст. Ин деҳа дар ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст. Бо омадани мавсими боришот рафту омад ба деҳаи ҳамсоя, ки мактаб дорад, қатъ мешавад.
Ин шароит боиси аз таҳсил дур мондани аксари кӯдакон, хусусан духтарон, мегардад. Деҳаи Чашмасор мактаби миёнаи умумӣ надорад. Дар мактаби деҳа то синфи 4 таҳсил мекунанд, ки се синфхона дораду танҳо дутои онро истифода мебаранд. Дар як синфхона синфҳои 1 ва 3, дар синфхонаи дигар синфҳои 2 ва 4 баробар дарс мехонанд. Барои идомаи таҳсил хонандаҳо ба деҳаи ҳамсоя, ки 3 километр дуртар аст, мераванд. Роҳи деҳаи ҳамсоя хеле хатарнок аст. Агар барф ё борони зиёд борад, рафтан ба деҳаи ҳамсоя, яъне деҳаи Гулбоғ, ғайриимкон мешавад. Аз сабаби пурхатар будани роҳ духтарон таҳсилро идома намедиҳанд. Сокинон мегӯянд, тақрибан 20 сол мешавад, ки духтарони деҳа то синфи 4 таҳсил мекунанду халос.
Бо роҳбарии раиси ҷамоати Баҳор Розиқов Нуриддин сокинони деҳа аз ҳисоби худ бунгоҳи тиббӣ ва бинои шӯрои маҳалла сохтанд, аммо суоле бе ҷавоб мемонад, ки боз чанд соли дигар духтарони ин деҳа аз таҳсил дур мемонанд?
Исматулло Абдуллоев