Суди олии Тоҷикистон узви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи замони ҷанги шаҳрвандиро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, сокини 43-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назиров замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задааст.
Гуфта мешавад, ки моҳи июни соли 1996 Назиров ва ҳаммаслаконаш дар ноҳияи Нуробод бо истифода аз силоҳи оташфишон ба автобуси мусофирбар ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 1 корманди ВКД ва 5 нафар мусофир ҳалок, ҳамчунин боз 5 мусофири дигар захмӣ шуданд.
Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии Тоҷикистон Неъматулло Назировро бо моддаҳои 74 ва 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.