Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷустуҷӯи Салмон Мадумарови 11-сола – бачаи муҳоҷири ӯзбектабори Қирғизистон – идома дорад. Мадумаров 26 январ бедарак шудааст. Ба иттилои полис, ӯ барои футболбозӣ ба кӯча барома, дигар ба манзил барнагаштааст.
Созмони наҷотдиҳандаи “Лиза Алерт” дар шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, барои ҷустуҷӯи Салмон ситоди махсус таъсис шуда, бештар аз 50 нафар ба кофтукоби ӯ машғуланд.
Ба иттилои ин созмон, дар наздикии манзили волидони Салмон Мадумаров истгоҳи роҳи оҳани “Проспект Слава” ҷойгир аст, ки аз ин истгоҳ ба вилоятҳои Ленинград ва Новгород қатор меравад.
Мақомоти Санкт-Петербург дар робита ба бедарак шудани Салмон Мадумаров парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
Блоки рекламавӣ