Яке аз аввалин нафароне, ки дар шаҳри Панҷакент маълумоти олии мусиқиро соҳиб буд, собиқ роҳбари мактаби мусиқии шаҳри Панҷакент, Нарзулло Қурбонов, дар синни 77-солагӣ аз дунё гузашт.
Нарзулло Қурбонов, 10 марти соли 1942 дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, аз соли 1949 то 1959 дар дабистони №3 таҳсил кардааст. Соли 1959 то 1964 дар омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе илм омӯхтааст. Сипас, аз соли 1964 то соли 1972 омӯзгори омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент буданд. Дар ҳамин давра ҳамчунин дар омӯзишгоҳи педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таҳсил кардааст.
Аз соли 1972 то соли 2005 муддати 33 сол роҳбарии мактаби мусиқии шаҳри Панҷакентро ба зима дошт. Нарзулло Қурбонов дорандаи унвони “Аълочии фарҳанги ҶТ”, дорандаи медали “Хизмати шоиста” буда, иштирокчии чандин фестивалҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявию шаҳрӣ мебошад.
Дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ Нарзулло Қурбонов даҳҳо шогирди санъаткорро тарбия кардааст. Бисёре аз санъаткорони Панҷакент ба мисли Додо Бобоев, Шавкат Самадов, Ӯктам Бобоев, Бахтиёрӣ Баёнӣ, Собирҷон Исмоилов, Раҳмон Воҳидов ва дигарон худро шогирди Нарзулло Қурбонов медонанд.