Дар робита ба вазъи охири Русия Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ҳамватанон муроиҷат кард, то дар ин рӯзҳои ҳассос аз эҳтиёт кор гиранд.

Дар муроҷиат омадааст:

«Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина  худдорӣ намоянд.  Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ,  хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд.  Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд».

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ошӯби мусаллаҳона дар Ростови лаби Дон ва Воронеж дар пойтахти Русия ва атрофи он режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь