Дар заминларзае, ки 12-уми октябр дар ғарби Эрон ба вуҷуд омад, 413 кушта ва 7156 маҷрӯҳ шудаанд. Ин рақамро хабаргузории Форс мунташир кард.

Гуфта мешавад, ки амалиёти имдод ва ҷустуҷӯ ба поён расидааст. Барқи марказҳои ҳаётӣ васл шудааст.

Зилзила шаби якшанбе, соати 21:49 дар сикилометрии шимолу ғарбии Сари Пули Заҳоб ва 32 километрии ҷанубу ғарбии Ҳалабча рух додааст. Ин заминларзаро ҳудуди 150 миллион сокинони марзии Эрону Ироқ эҳсос кардаанд. Қудрати он ба 7,3 дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь