Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд, ки дар натиҷа беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.

Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард.

Қайд карда шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз  ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1”  бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.

– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд, – илова кард номбурда ва гуфт, ки 49 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонанд, ки баъди он 947 нафар ҷойҳои кории худро аз даст доданд.

– Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, – илова кард Қурбон Ҳакимзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь