Қурби 1 рубл дар бозори нақди кишвар аз 0,143 то ба 0,145 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора БМТ иттилоъ медиҳад. 

Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз қурби 1 долларро – 9,4384 сомонӣ, 1 евроро – 10,7532 сомонӣ ва 1 рубли русиро – 0,1435 сомонӣ муқаррар кардааст

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши як доллари нақд дар ташкилоти қарзии кишвар аз 9,4384 то 9,4400 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод арзиши 1 евроро дар бозори нақд аз 10,7000 то 10,7532 сомонӣ ва 1 рубли русиро аз 0,1435 то 0,1450 сомонӣ арзёбӣ кард.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди асъори  хориҷӣ дар кишвар норозигӣ баён мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here