Арзиши қимати рубли русӣ баланд рафта, вале қурби доллар ва евро тайи рӯзҳои охир бетағйир монд. Бонки миллии Тоҷикистон қимати пулҳои хориҷиро барои имрӯз, 2-юми июн, эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, барои имрӯз қурби 1000 рубли русӣ ба 175 сомонӣ баробар буда, ин арзиш барои фурӯш 177 сомонист.
Арзиши қурби доллари амрикоӣ таносубашро нигоҳ медорад ва тайи чандрӯзаи ахир 100 доллар баробар ба 1140 сомонӣ ҳисобида мешавад. Фурӯши доллар низ ҳамин арзишро дорад.
Қурби хариди 100 евро ба 1220,94 сомонӣ ва фурӯши он 1222 сомонӣ гуфта мешавад.
Блоки рекламавӣ