Имрӯз, соати 13:00 ба вақти Душанбе, маросими қуръакашии сабқатҳои муқаддамотии Ҷоми футзали Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои Федератсияи футбол, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори 11-ум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифтааст.

Пешбинӣ мешавад, футзалбозони мо дар як гурӯҳ бо Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро Федератсияи футбол чунин меоварад:

Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Узбекистон.

Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.

Сабади 3: Таиланд, Тайбейи Чин, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.

Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь